- пай
- I[پي]биол. раг, ришта дар бадани инсон ва ҳайвонот; рагу пай ришта ва бофтаҳои баданII[پي]1. шакли дигари пой; некпай, ҳуҷистапай2. нақш, асар, из, нишон, изи пой ё ягон чизи дигар3. кит. бун, таҳкурсӣ4. маҷ. қасд, азм, ирода; пайи ҷон будан дар қасди ҷон будан5. пас, дунбол; аз пайи… аз паси… аз дунболи…; пайи ҳам а) паси ҳамдигар, аз дунболи якдигар; б) муттасил, канданашуд; пай дар пай паси ҳам; муттасил; аз пайи касе, чизе афтодан касеро, чизеро таъқиб кардан; аз пайи кори худ шудан ба кори худ машғул шудан, аз дунболи (ақиби) кори худ рафтан; аз пайи чизе рафтан (шудан) барои ба даст даровардани чизе ё иҷрои коре рафтан; дар пайи касе афтодан а) аз пайи касе рафтан, ба касе пайравӣ кардан; б) таъқиб кардан (мас., дуздро); дар пайи чизе рафтан барои коре (чизе) талаф (қурбон) шудан; пайи касе (чизе) канда шудан қатъ шудани рафтуои касе (чизе); барҳам хӯрдани чизе; пайи коре шудан барои иҷрои коре кӯшиш кардан; дунболи коре рафтан; пай афкандан бино кардан, бунёд намудан; пай бурдан донистан, воқиф шудан, огоҳ гаштан, сарфаҳм рафтан; пай гирифта рафтан изи (нақши) чизеро таъқиб карда рафтан; пай гум кардан а) гум кардани асари (нақши) пои касеро, нишони чизи ҷустаниро гум кардан; б) нақши пайи худро нест кардан; дар пайи чизе гаштан аз пайи чизе шудан; дар суроғи чизе будан; на пай ҳасту на Ҳайдар даракаш нест, тамоман нопадидIII[پي]бор, карат, навбат, дафъа
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.